ПАГОҲ ШАБАКАИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ШАБОНАРӮЗИИ ИТТИЛООТӢ БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАД
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 29 октябри соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасдиқ карда шуд. Ин муассиса шабакаи нави телевизионӣ буда, бо мақсади таҳкими фазои иттилоотии кишвар таъсис ёфтааст ва шабонарӯзӣ 24 соат барнома пахш хоҳад кард. 5 ноябр дар остонаи таҷлили Рӯзи қабули Сарқонуни мамлакат ин шабакаи телевизионӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Тазаккур додан ба маврид аст, ки тайи се соли охир дар соҳаи телерадиокоммуникатсияи мамлакат дастовардҳои назаррас ба амал омад. Дар ин муддат, бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол барномаҳои се шабакаи телевизионӣ — «Шабакаи аввал», «Телевизиони Сафина» ва «Баҳористон» тариқи маҳвора, шабонарӯзӣ 24 соат пахш мешаванд. «Шабакаи аввал» ва «Радиои Тоҷикистон» ба технологияи наву замонавии рақамӣ гузаштанд, ки ин бевосита ба сифати таҳия ва пахши шабонарӯзии барномаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат мекунад. Маврид ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» низ тайи се соли охир таъсис ёфта, Шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» аввалин шабакаи кӯдакона дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои охир таъмиру таҷдид ва насби воситаҳои муосири соҳавӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус Кохи киною консертии «Ҷомӣ», Кохи киною консертии «Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, дар баробари ин сохтмони бинои истиқоматии панҷошёна барои кормандони телевизион ва радио дар арафаи анҷомёбист, ки ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки рушди соҳаи телерадиокоммуникатсияи мамлакат вусъати бештар пайдо кардааст. Қобили қайд аст, ки баҳри фаъол гардидани муассисаҳои нав, насби технологияи муосир ва таҳкими фазои ягонаи иттилоотии кишвар мутахассисони варзидаи мамлакат ҷалб гардида, дар давоми 3 соли сипаришуда, қариб 1200 ҷойи нави корӣ муҳайё шуд, ки дар таъмини мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат мекунад. Бояд зикр кард, ки ҳамзамон, дарбаробари таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар фазои иттилоотии кишвар боз як шабакаи нави радиоии дигар бо номи «Фарҳанг» дар мавҷи 106,5 FM ба фаъолият шурӯъ мекунад. Радиои мазкур баъди радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе» ва «Овози тоҷик» чаҳорумин шабакаи давлатии радиоӣ буда, минбари аҳли фарҳангу аҳли зиёи тоҷик хоҳад буд. Ин радио низ бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радио ташкил шуда, аз сиёсати фарҳангдӯстона ва дастгирии ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба аҳли зиё ва ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон дарак медиҳад. Радиои «Фарҳанг» тӯли 24 соат барномаҳояшро бо гуфтору гузоришҳо, мусоҳибаҳо бо олимону донишмандон, ҳунармандону адибон ва мусиқии сил пешниҳоди ҳаводорон гардонида, пас аз ҳар 3 соат ахбори фарҳангӣ садо медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки радиои «Фарҳанг» натанҳо тарғибгари таъриху фарҳанг ва аҳли ҳунари қавми ориёӣ, ҳамзамон роҷеъ ба фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ низ барномаҳои ҷолиб пахш мекунад. Барномаҳои «Меҳрнома», «Авесто», «Рози сӯфӣ», «Тозанашр», «Асрори коинот», «Сафои шеър», «Сӯҳбати соҳибдилон», «Ахтарони адаб», «Тафсири Табарӣ», «Луғатнома», «Таронаҳои қарни XX», «Ғалат мегӯем», «Тибби Шарқ», «Чеҳраҳои намоёни таърих» аз ҷумлаи барномаҳое мебошанд, ки тариқи ин шабакаи радиоӣ садо хоҳанд дод. P.S Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмонов таъин гардид. Мавсуф то ин вақт ба ҳайси муовини раиси шабакаи телевизионии «Сафина» адои вазифа мекард. Муовини мудири шабакаи телевизионии мазкур собиқ сармуҳаррири идораи иттилоотии «Ахбор»-и «Шабакаи аввал» Сӯҳроб Рауфов таъин шуд.