ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ВА БУНДЕСТАГИ ОЛМОН РОБИТАРО УСТУВОР МЕНАМОЯНД
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 13-уми ноябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампфро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон, ҷараёни демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, рушди иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои хусусияти байналмилалидоштаро баррасӣ карданд. Бояд зикр намуд, ки миёни парлумони Тоҷикистон ва Бундестаги Олмон робитаҳои ҳасанаи парлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон фаъолият менамояд, ки нақши он дар тақвияти робитаҳои парлумонӣ зиёд аст. Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо низ баррасӣ гардиданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






