«ПОМИРЭНЕРҶӢ» 26,8 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ САРФ КАРДААСТ

Ноябрь 29, 2008 09:49

                Бадахшон, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Дар ВМКБ рушди соҳаи нерӯи барқ бо суръат ҷараён дорад. Имрӯзҳо беш аз 86 фоизи аҳолии вилоят аз нерӯи барқ бархӯрдоранд. Инчунин, ба вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ нерӯи барқ интиқол дода мешавад.                Дар вилоят ғайр аз 36 нерӯгоҳи хурди барқӣ, инчунин дар гӯшаю канори он 11 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ фаъолият доранд. Ба хотири бештар истеҳсол кардани нерӯи барқ истгоҳҳои барқӣ ҳар сол хушсифат таъмир карда мешаванд.               Тавре аз ширкати «Помирэнерҷӣ» иттилоъ доданд, ширкати номбурда ба хотири таъмини нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии истифодаи он аз соли 2002 то имрӯз 26,8 миллион доллари амрикоӣ сарф кардааст. Аз соли 2002 то имрӯз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ танҳо дар 11 истгоҳи барқи обӣ аз 28 меговатт ба 42 меговатт расид.  

Ноябрь 29, 2008 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд