ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ҚАТАР РАФТ
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти 28 ноябр баъди анҷоми сафараш ба Эрон аз Теҳрон ба Давлати Қатар рафт. Вай дар ин ҷо дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СММ бахшида ба масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва конфронси байналхалқӣ бахшида ба афзун гардондани сармоягузорӣ иштирок хоҳад кард. Ҳадафи конфронси мазкур мусоидат ба амалӣ сохтани паймонҳои дар Маҷмаи кулли СММ бадастомада мебошад. Хабар дода мешавад, ки Президенти Тоҷикистон дар Қатар силсилаи мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Вай аз ҷумла, дар ин ҷо бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, Амири Давлати Қатар шайх Ҳамод ибни Халифа Оли Сонӣ, сарварзир ва вазири корҳои хориҷии ин мамлакат шайх Ҳамод ибни Ҷосим Оли Сонӣ, вазири молия, иқтисод ва тиҷорати Қатар Юсуф Ҳусайни Камол, сарони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ мулоқот хоҳад кард. Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






