ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ АБДУЛЛО ГУЛ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Ноябрь 26, 2008 17:18

Душанбе, 26  ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Алӣ Бобоҷон  баъди анҷоми мулоқот бо Ҳ.Зарифӣ ба хабарнигорон гуфт, ки  зимни гуфтушунид масъалаҳои  тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла  дар соҳаи иқтисодиёт, инчунин масъалаҳои минтақавию байналхалқӣ муҳокима шуданд. Мо ба  сатҳи имрӯзаи муносибатҳои  Тоҷикистону Туркия баҳои баланд медиҳем, гуфт А.Бобоҷон.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  вазирони корҳои хориҷӣ масъалаи омодагиро  ба ташрифи  Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон низ муҳокима намуданд. Абдулло Гул аввали соли оянда ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Қайд карда шуд, ки  ҳаҷми сармоягузории Туркия  ба  соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон  сол то сол меафзояд. Соли гузашта  маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар 260 миллион доллари ИМА- ро ташкил дод, — гуфт Алӣ Бобоҷон.

Ноябрь 26, 2008 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид