РАСУЛ БОҚИЕВ БА ПАНҶГОНАИ БЕҲТАРИН ДЗЮДОЧИЁНИ ҶАҲОН ДОХИЛ ШУД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дзюдочии тоҷик, дорандаи мукофоти биринҷии Бозиҳои Олимпии 29-уми Пекин Расул Боқиев (дар вазни 73 кг) дар рӯйхати нави Федератсияи байналмилалии дзюдо ҷои 4-умро ишғол мекунад. Рӯйхати нави ҷаҳонӣ аз рӯи натиҷаи баромади варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ ба табъ расида буд. Тибқи иттилои сомонаи интернетии Федератсияи байналмилалии дзюдо, гирифтани ҷои сеюм ба Расул Боқиев имкон дод, ки дар рейтинг соҳиби 100 хол шавад. То 13-уми ноябр ӯ 200 хол дорад ва ба панҷгонаи беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон дохил мешавад. Дар вазни 73 кг варзишгари олимпии озарӣ Элнур Мамадлӣ ҷои якумро гирифтааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






