С. БАҲРИДДИНОВ : «НА ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА БУРДА ШУД»
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — На ҳамаи имкониятҳо барои иҷрои нақшаи пахта дар ҷумҳурӣ истифода бурда шуд, — гуфт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар». Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Хатлон 331 ҳазору 900 тонна пешбинӣ шуда, аз ин 243 ҳазору 111 тоннааш ҷамъоварӣ гардидааст. Ноҳияҳои Данғара ва Сарбанд бо истифода аз имкониятҳо нақшаро иҷро намуданд. Ноҳияҳои Кӯлобу Шаҳритуз бо вуҷуди андешидани ҳамаи тадбирҳо то имрӯз ба иҷрои нақша муваффақ нагардидаанд. Дар ин ноҳияҳо мутаносибан ба андозаи 91 – 92 фоиз ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намудаанд. Дар вилоят боз се ноҳия: Бохтар, Қубодиён ва Восеъ бо истифода аз ҳама имкониятҳо ба ҷамъоварии 90 – 92 фоизи ҳосили пахта муваффақ мешаванду халос.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






