С. НАҶМИДДИНОВ: «АЙНИ ҲОЛ ТАЪСИРИ БУҲРОН БА БОЗОРИ МОЛИЯВӢ НАРАСИДААСТ»

Ноябрь 12, 2008 14:42

                       Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишварҳои дунё зарари калон расонида истодааст. Натиҷаҳои он ба тағйирёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, қурби доллари амрикоӣ, нархҳо дар биржаҳои молиявии ҷаҳон, муфлисшавии бонкҳо ва ширкатҳои хурду калони давлатҳои пешрафта оварда мерасонад.                     Аз рӯи иттилои Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ боиси афзудани сатҳи таваррум дар Тоҷикистон гардидаанд.                      Ба ақидаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, яке аз масъалаҳои муҳими ташвишовар — ин бӯҳрони молиявӣ мебошад, ки айни ҳол таъсири он ба бозори молиявӣ, системаи пулию қарзӣ ва андозу буҷет нарасидааст. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки баҳри пешгирии бӯҳрони молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ба монанди таваррум, хизматрасонии бонкӣ, сатҳи ҷамъоварии андоз, раванди афзоиши хароҷоти давлатӣ бо мақсади таъмини мӯътадилӣ ва устуворӣ амалӣ шуда истодааст. Сабаби асосии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи қоғазҳои қимматнок ва қарзҳои ипотекӣ мебошад.                     Ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон қисме аз иқтисоди ҷаҳон аст, ин бӯҳрон ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири зиёд нахоҳад гузошт. «Табиист, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми молиявии ҳамаи кишварҳо таъсир мерасонад, вале имрӯз касе мушаххас гуфта наметавонад, ки он кай ва ба кадом андоза ба иқтисоди ҷумҳурии мо таъсир хоҳад расонд»,- афзуд С. Наҷмиддинов.                     Ба қавли вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ коҳиши истеҳсолотро дар пай хоҳад дошт ва Тоҷикистон шояд таъсири онро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳо эҳсос намояд. Дар нӯҳ моҳи соли равон нишондиҳандаи муносиботи молии хориҷии Тоҷикистон қариб ба нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар шудааст.                  Чанде қабл сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сударшан Канагараҷа дар Душанбе изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба коҳиши шумораи муҳоҷирини кории тоҷик боис шуда метавонад. Тибқи пешбиниҳо, бӯҳрон ояндаи наздик ба анҷом нахоҳад расид. «Бӯҳрони молиявӣ шояд ба коҳиши талаботи кишварҳои корфармо ба қувваи корӣ оварда расонад ва табиист, ки он ба камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик боис мегардад», — гуфт ӯ.                   Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 37 дарсади муҳоҷирони кории ҷумҳуриро сокинони вилояти Суғд, 33 дарсадро сокинони вилояти Хатлон, 5 дарсадро аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1 дарсадро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.

Ноябрь 12, 2008 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд