САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ Э. РАҲМОН БА САНГТЎДА

Ноябрь 5, 2008 17:59

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати сеюми нерўгоҳи обии Сангтўда-1 иштирок намуд.Нерўгоҳи обии Сангтўда-1 нахустин  иншооти гидроэнергетикӣ ва калонтарин сармоягузории хориҷии Федератсияи Россия аст, ки аз замони пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба назар мерасад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Федератсияи Россия лентаи рамзиро бурида, бо пахши тугма агрегати сеюми нерўгоҳи обии Сангтўда-1 — ро дар фазои тантанавӣ расман ба кор дароварданд.Хотиррасон мекунем, ки нерўгоҳи мазкур тибқи лоиҳа аз 4 агрегат иборат хоҳад буд, ки иқтидори ҳар яки он 167,5 мегават аст. Иқтидори умумии лоиҳавии нерўгоҳ 670 мегават аст. Зимни боздид аз маркази идораи нерўгоҳ зикр гардид, ки ин иншооти гидроэнергетикӣ бо техникаю технологияи навтарини сохти Россия, ки биною иншоот ва ҷойҳои зиёдро ишѓол намекунад, муҷаҳҳаз гашта, кори босамари онро таъмин менамояд. Чунонки маълум шуд, кори тамоми нерўгоҳ аз ҳамин толори хурдакак тавассути якчанд кампютер ва дигар таҷҳизоти хурдҷусса идора карда мешавад.Ба гуфти мутахассисон бо иқтидори лоиҳавӣ нерўи барқ истеҳсол кардани агрегатҳои нерўгоҳ пеш аз ҳама ба баландии сарбанд ва сатҳи оби обанбор вобаста аст. Аз ин хотир агрегатҳои нерўгоҳ айни ҳол аз иқтидори лоиҳавии худ камтар нерўи барқ истеҳсол мекунанд, вале бо ҳамин иқтидор ҳам ҳиссаи нерўгоҳи обии Сангтўда -1 дар таъмини эҳтиёҷоти энергетикии кишвар басо намоён аст.Зимни суханронии табрикии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурўъ намудани агрегети сеюми нерўгоҳи обии барқии Сангтўда-1-ро армуѓони накў дар остонаи Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба мардуми кишвар мужда расонд, ки тавассути кори босамари  ин нерўгоҳ дар моҳи ноябр 3 -соатӣ ва дар се моҳи зимистон 4 — соатӣ ҳаҷми барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин моҳҳои солҳои 2007 ва 2008 зиёд карда мешавад. Тибқи иттилои Сарвари давлат ба мардуми деҳот дар моҳи ноябр 7 – соатӣ ва дар се моҳи оянда 8 — соатӣ барқ дода мешавад.  «Дар биноҳои баланошёнаи истиқоматии шаҳрҳои ҷумҳурӣ бошад, барқ умуман хомўш карда намешавад», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда агрегати 4-уми нерўгоҳ охирҳои моҳи январ ё феврали соли оянда бояд ба кор шурўъ намояд.Ҷамъомадагон ва умуман ҳамаи мардуми кишварро бо ин рўйдоди фараҳбахш ҳамчунин Муовини раиси ширкати Интер РАО ЕЭС – Федератсияи Россия Юрий Шаров шодбош гуфта, бо боварӣ изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба кишвари бузурги гидроэнергетикӣ табдил хоҳад ёфт.Бо истифода аз фурсати муносиб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нерўгоҳи обии  Сангтўда-2 низ, ки поёнтар аз нерўгоҳи Сангтўда-1 бунёд меёбад,   шинос шуд.Хотиррасон мекунем, ки нерўгоҳи обии  Сангтўда-2 бо саҳмгузории муштараки Тоҷикистону Эрон аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии он 220 мегават аст. Аз маблаѓи умумии 255 миллион доллари амрикоӣ, ки барои бунёди ин нерўгоҳ пешбинӣ гаштааст, то имрўз 84 миллионаш аз худ карда шудааст.Бо ин маблаѓҳо техникаю таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шуда, ҳамчунин шаҳраки иқоматии сохтмончиён, ду корхонаи бетоншўрӣ, анборҳо, лаборотория ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтаанд. Тибқи иттилои масъулин сохтмони бинои асосии нерўгоҳ низ бо суръати бештар аз пештара идома дорад.Бо вуҷуди ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2 изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон супориш дод ва аз масъулини ҷониби Эрон талабу дархост намуд, ки бунёди нерўгоҳ то охири соли 2010 – ум пурра ба анҷом расонда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 5, 2008 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид