САНКТ-ПЕТЕРБУРГ НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНҲОИ ИДМ-РО ИНТИЗОР АСТ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзҳои 24 – 25 –уми ноябри соли равон дар шаҳри соҳили Нева –Санкт-Петербург чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни чорабиниҳо муҳокимаронии парлумонӣ «Оид ба сиёсати мутобиқкардашудаи агросаноатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё» таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад. Ҳамчунин, масъалаҳои зарурати таҳкиму густариши робита ва ҳамкории минбаъдаи парламентҳои кишварҳои Иттиҳод баррасӣ хоҳад шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






