САРПЕЧӢ АЗ СУПОРИДАНИ АНДОЗ САБАБИ АСОСИИ ҚАРЗДОРӢ НЕСТ?
Хоруғ, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Қарздорӣ аз андоз дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ВМКБ афзудааст. Қариб кулли хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон ва Роштқалъа аз Раёсати андоз қарздоранд. Ҳамчунин, Раёсати роҳҳои рақами ҳашт 168 ҳазору 297 сомонӣ, Хоҷагии обу ташноби шаҳри Хоруғ 55,670 сомонӣ, Базаи автомобилии рақами нӯҳ 35,230 сомонӣ ва даҳҳо корхонаҳои дигар қарзашонро насупоридаанд. Сарпечӣ аз супоридани андоз сабаби асосии қарздорӣ нест. Ҳастанд корхонаҳою муассисаҳое, ки муваққатан қудрати супоридани андозро надоранд. Ҳастанд идораҳое, ки корро сомон додаанд, аммо маблағ ҳанӯз ба суратҳисобашон дохил нашудааст,- мегӯяд сардори Раёсати андози ВМКБ Илҳом Муродҳусейнов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






