САРВАРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ҲУҚУҚИ БАШАР — САФИРИ НАВИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ҶТ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Британияи Кабир Тревор Чарлз Мурро сафири нави худ дар Тоҷикистон таъин намуд. Дар ин бора 18-уми ноябр сомонаи интернетии Хадамоти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир хабар дод. Т. Мур дар моҳи январи соли 2009 ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ хоҳад кард. Дар ин мансаб ӯ сафири феълӣ Грэм Лотенро, ки аз моҳи июли соли 2004 адои вазифа мекард, иваз менамояд. Ӯ дар Вазорати корҳои хориҷии кишвараш аз соли 1980 кор мекунад. Солҳои 2007 – 2008 дар Вазорати корҳои хориҷмии Британияи Кабир ба ҳайси сарвари Департаменти ҳуқуқи башар, демократия ва мудирият ифои вазифа намудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






