СЕЛЕКСИЯИ НАВИ ВАТАНӢ

Ноябрь 4, 2008 10:48

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ба мухбири АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки аввалин маротиба Марказ дар майдони 0,5 га парваришгоҳи коллексияи навъу намунаҳои дарахтони мевадиҳанда ва ангури маҳаллию селексияи ватанӣ бунёд гардид. Барои ғанӣ гардонидани парваришгоҳи коллексионӣ 18 кг донаи зардолу, 8 кг донаи шафтолу,  1 кг олу, 1 кг олуча ва дар мамӯъ ба миқдори 28 кг донаи тухмӣ тайёр карда шудааст. Дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Мирсаид Алӣ  Ҳамадонӣ, Ховалинг ва парваришгоҳи ҷангали  «Заргар»  навъҳои себ, олу, нок, гелос ва зардолуи маҳаллӣ муайян ва номнавис карда шуданд.

Ноябрь 4, 2008 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид