ШЕЪРДӮСТ: САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЭРОН РОҲ СӮИ САОДАТМАНДИҲОСТ
Робитаю ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, бахусус, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми арсаҳо тавсеа меёбад. Алҳол сатҳи ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамзабон дар кадом сатҳ аст? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиасғар Амир Шеърдӯст муроҷиат намуда, сӯҳбате анҷом дод, ки алҳол фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем: -Ҷаноби Сафир сатҳи муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон дар кадом поя қарор дорад? — Бояд бигӯям, ки сатҳи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсту бародар –Тоҷикистону Эрон дар пояи баланд қарор дошта, он сол то сол густариш меёбад. Раванди бонизоми тақвияти ҳамкории гуногунсоҳа байни ҳар ду кишвар фоли некест аз дурнамои муносибатҳо, ки он аз иродаи сиёсии сарони давлатҳо сарчашма мегирад. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, ки рӯзҳои наздик сурат мегирад, дар тақвияти ҳамкории ду кишвар саҳифаи наверо боз хоҳад кард. Зимни сафари дурӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва дидору мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуд Аҳмадинажод ва дигар роҳбарони воломақоми Эрон масъалҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо, хусусан татбиқи санадҳои байнидавлатии иқтисодии қаблан ба имзо расидаи кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки ин дуюмин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Эрон дар соли равон буда, он ҷавобест ба сафари Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, ки моҳи августи соли равон дар доираи баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва музокироти сарони се кишвари форсизабон ба Душанбе омада буд. — Мушаххас мегуфтед, ки меҳвари мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон кадом масъалаҳоро фаро хоҳанд гирифт? — Масъалаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, хусусан он санади байнидавлатие, ки қаблан байни се кишвари форсизабон дар мавриди сохтмони хатти интиқоли баландшиддати 500 Квт тавассути қаламрави Афғонистон ба имзо расида буд, яке аз масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо мебошад. Инчунин, масъалаҳои вобаста ба иртибототи се кишвари форсизабони минтақа, ҷараёни амалӣ намудани тафоҳумномаҳое, ки қаблан ба имзо расида буданд, иртибототи Тоҷикистон бо соири кишварҳои минтақа вобаста ба бӯҳрони об умуман авзои минтақа ва ҷаҳон, бахусус вазъи бӯҳрони молиявии сайёра мавзӯи музокироти ҷонибҳо қарор хоҳанд гирифт. Ман фикр мекунам, ки ин сафар дар тавсеаи робитаҳои ҳар ду кишвар як рӯйдоди муҳим ба шумор хоҳад рафт ва мисоли равшани дар сатҳи баланд қарор доштани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон хоҳад буд. — Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург ва таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки дар маркази диққати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Таваҷҷӯҳи Эрон роҷеъ ба ин масъала чи гуна аст? — Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург дар Тоҷикистон дар санадҳои байнидавлатӣ ва Комиссияи байниҳукуматии муштараки иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон зикр ёфтааст. Мисоли барҷастаи гуфтаҳо сохтмони хати баландшиддати 500 Квт интиқоли нерӯи барқ байни Тоҷикистону Эрон тавассути қаламрави Афғонистон аст. Масъалаи мазкур қаблан дар нишасти сеҷонибаи роҳбарони воломақоми се кишвари минтақа баррасӣ гардида буд. Ахиран гурӯҳе аз мутахассиони эронӣ ба Тоҷикистон омаданд ва корҳои омӯзиширо нисбат ба ин масъала ба анҷом расониданд. Дар назар аст, ки бо тавофуқҳое, ки байни вазирони нерӯи се кишвар ба анҷом расида буд, кори омӯзишӣ дар мавриди сохтмони хати интиқоли нерӯи барқ тавассути Афғонистон ду сол муқаддам оғоз шудааст. Ҷаласае, ки дар Теҳрон баргузор мегардад, ба ин масъала ҳусни анҷом мебахшад. Сохтмони ин иншоот имкон медиҳад, ки мушкилоти бо нерӯи барқ таъмин кардани Тоҷикистон дар фасли сармо осон гардад. То замоне, ки нерӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистон сохта мешаванд, аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути ин хат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Зеро Эрон дар фасли зимистон дорои нерӯи барқи изофа буда, тамоми шаҳру рустоҳо бо шабакаи гази табиӣ пайваст мебошанд. Инчунин, дар оянда баъди ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон, аз Тоҷикистон ба Эрон нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Зеро масрафи нерӯи барқ дар Эрон назар ба фасли зимистон дар фасли тобистон бештар аст. Бо сохмтони хатти интиқоли нерӯи барқ Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути Афғонистон ва Эрон нерӯи барқро ба бозорҳои мӯътабари ҷаҳонӣ фурӯшад. -Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби Эрон бунёд карда мешавад, дар кадом сатҳ аст? Корҳо дар НОБ-и «Сангтӯда» баъд аз боздиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз маҳали сохтмони нерӯгоҳ хело ҳам суръат ёфта, дар се баст кор ба роҳ монда шудааст. Ширкату мутахассиони эронӣ саъю талош менамоянд, ки корро то соли 2012 –ум ва шояд қабл аз он ба анҷом расонанд. -Сохтмони туннели «Чормағзак» кай оғоз меёбад? — Бояд зикр кард, ки корҳои омӯзишию лоиҳакашии сохтмони туннели «Чормағзак» аз ҷониби Эрон ба анҷом расидааст. Яке аз масъалаҳои муҳими музокироти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон — ин пардохти маблағи сохтмони туннели «Чормағзак» аст. Умед аст, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаи шурӯи сохтмони туннел ҳал мегардад. — Оё дар музокироти Теҳрон ҳамкории Эрон дар мавриди сохтмони НБО-Роғун баррасӣ мешавад? -Дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон мехоҳад консортсиум баргузор кунад. Баъд аз он ҳаводисе, ки иттифоқ афтод яъне он кишварҳое, ки барои сохтмони ин иншоот қарордод бастанд ва қарордодашонро иҷро накарданд, мо иттилооти марбут ба Роғунро ба Эрон пешниҳод кардем. Албатта давлат ҳам дар ин замина мутолиот анҷом додааст, ки дар ин консортсиум битавонад нақши ҷиддӣ дошта бошад. Аммо бахши хусусии Эрон соҳиби таҷрибаи фаровон ва аз лиҳози нерӯи молӣ тавоно аст. Дар назар аст, ки масъалаи сохтмони Роғун дар музокироти Теҳрон баррасӣ мешавад. Эрон мехоҳад дар сохтмони иншоотҳои бузург ва муҳими Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Як моҳи охир 5-6 қарордод байни бахши хусусии Эрон ва бахшҳои хусусию давлатии Тоҷикистон дар мавриди сохтмони роҳ ба имзо расидааст. — Кӯмаки Эрон ҷиҳати идомаи корҳои бетонхобкунӣ ва равшаннамоӣ дар туннели «Истиқлол» кай расонида мешавад? — Масъалаи идомаи корҳои бетонхобкунӣ ва системаи равшаннамоии туннели «Истиқлол», ки 6 миллион долларо металабид, дар сафари Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоти ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ ҳал шудааст. Бояд гуфт, ки ин маблағ ҳамчун кӯмаки тавсеавии Эрон ба Тоҷикистон расонида мешавад. Масъалаи ба Тоҷикистон ворид шудани ин маблағ аз тариқи вазорати Нерӯи Эрон дар пайгирист. — Оё сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон Шуморо қаноатманд карда метавонад? Дар ин давра гардиши мол байни ду кишвар чи миқдорро ташкил медиҳад? — Бале, воқеан ман аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон қаноатмандам. Тибқи омори мавҷуда, дар соли равон гардиши мол байни ду кишвар се маротиба афзоиш ёфтааст, ки ин як ҷаҳиши бузург аст. Фаъол гардидани бахши хусусии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон як қадами бузург аст. Тоҷикистону Эрон дар бисёр соҳаҳо- сохтмон ва ташкили корхонаҳои муштараки хурди саноатӣ, хадамоти фаннию муҳандисӣ, саноати хӯрокаю пӯшока ва ғайраҳо ҳамкориро ба таври густурда ба роҳ мондаанд. Яке аз паҳлӯҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ ин аст, ки дар Тоҷикистон ҷойи кори фаровон пайдо шуда, мардум ба шуғли муайян ҷалб карда мешаванд. Самти дигари таҳкими ҳамкориҳо рафтуомад ба кишварҳои ҳамдигар аст. Агар қаблан байни Тоҷикистону Эрон дар як ҳафта як парвоз сурат мегирифт, алҳол ҳафтае се маротиба парвози мустақим тавассути ҳавопаймо ба роҳ монда шудааст. Инчунин, баргузории намоишгоҳҳои молҳои саноатии устонҳои Мозандарон, Хуросон ва Гулистони Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеа ёфтани фаъолияти бахши хусусии Эрон дар Тоҷикистон мусоидат кард. Танҳо дар доираи баргузории ин намоишгоҳҳо байни бахшҳои хусусии Тоҷикистону Эрон 60 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Масъалаи ҳамкорӣ дар бахши илму маориф яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, он дар маркази диққати масъулини соҳа қарор дорад. Дар доираи ҳамкориҳо дар бахши донишгоҳӣ ва тибқи қарордоди ҳамкориҳои вазоратҳои маорифи ҳар ду кишвар, иштироки донишҷӯён дар донишгоҳҳои Тоҷикистону Эрон ба роҳ монда шудааст. Тибқи ин қарордод, ҳудуди 700 нафар донишомӯзони эронӣ дар бахшу давраҳои мухталиф дар донишгоҳҳою марказҳои илмии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, ҳафтаи гузашта 40 нафар донишҷӯи донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон барои такмили забони форсӣ аз Эрон баргаштанд. Баъд аз як ҳафта боз чунин як гурӯҳи 35- нафараи донишҷӯёни тоҷик озими Теҳрон гардида, бо таъриху фарҳанги сарзамини қадимаи Эрон аз наздик ошно хоҳанд шуд. -Таъсиси шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон дар кадом поя аст? -Ташкили шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон, ки қароргоҳи он шаҳри Душанбе интихоб шудааст, яке аз иқдомҳои наҷиби сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон аст. Таъсиси шабакаи муштараки телевизионӣ дар тавсеаи робитаҳои фарҳангии се кишвари форсизабони минтақа нақши муассир мегузорад. Дар мавриди таъсиси ин шабака аз ҷониби Эрон ягон мушкилоти хосе вуҷуд надорад. Тоҷикистон низ дар ин масъала фаъол шудааст. Андаке «кундалангӣ» дар ҳамоҳангӣ бо Афғонистон пеш омадааст. Дар ду ҷаласаи расмии муштараке, ки дар Душанбе баргузор гардид, дӯстони афғони мо ду нафарро фиристониданд. Намояндагони ҷониби Афғонистон дидгоҳҳое доштанд дар мавриди тадвини оинномаи нави мудирияти шабакаи телевезиони кишварҳои форсизабон. Дар ин масъала Тоҷикистону Эрон ҳамфикранд. Дар бархе аз масъалаҳои фаннию муҳандисӣ, сохтмони бино, моҳвора, студияҳои барномасозӣ ва таҳияи барномаҳои телевизион ҷониби Эрон омодагии ҷиддӣ дорад. Умед аст, ки бо пайгирии ин масъала то Наврӯз телевизиони муштараки кишварҳои форсизабони минтақа ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».