ШУДГОР ВА КИШТИ ТИРАМОҲИИ ҒАЛЛАДОНА ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ тибқи дурнамо дар масоҳати 238 ҳазору 800 гектар кишти тирамоҳии ғалладона, картошка ва сабзавот гузаронида мешавад. То 10-уми ноябр ҳамагӣ дар майдони 70 ҳазору 575 гектар шудгор ва кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки ин баробар ба 29,6 фоизи дурнамост. Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона мувофиқи дурнамо 229 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. То 10- уми ноябр дар масоҳати 69 ҳазору 339 гектари он кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 22 ҳазору 258 гектар зиёд аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






