ШУМОРАИ НАВБАТИИ МАҶАЛЛА ЧОП ШУД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Шумораи навбатии чоруми маҷаллаи «Мигрант – ТҶ» аз чоп баромад, ки сармуҳаррири он рӯзноманигори маъруф Раҳмон Ӯлмасов мебошад. Тавре хабар дода шуда буд, вазифаи асосии маҷалла ба таваҷҷӯҳи мақомоти ҳукуматӣ расондани мушкилоти кору зиндагӣ ва меҳнати коргарони муҳоҷири тоҷик ва бо кӯмаки мақомоти ғайриҳукуматӣ ҳал кардани проблемаҳои коргарони муҳоҷир мебошад. «Мо мушкилоти кору зиндагии коргарони муҳоҷирро мавриди баҳсу мунозира қарор дода, онҳоро ба мақомоти дахлдор маълум менамоем», — гуфт сармуҳаррири маҷалла. Яке аз роҳҳои ҳалли ин проблемаҳо ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор мебошад. Ҳадафи нашри маҷалла ба даст овардани маблағ набуда, бо кӯмаки мақомоти давлатӣ расондани ёрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Мо бояд бо кӯмаки онҳо роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои муҳоҷиронро ёбем. Бояд гуфт, ки сармуҳарри маҷалла Р. Ӯлмасов аз проблемаҳои кору зиндагии коргарони муҳоҷири тоҷик ба хубӣ огоҳ мебошад. Вай ба қарибӣ ҳамроҳи доктори илми фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва равоншиносии Донишгоҳи давлатии Волгоград Василий Василенко китоби «Глобализатсия и винужденная мигратция народонаселения» — ро аз чоп баровард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






