СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ПИСАНДИ МУТАХАССИСОНИ ОЛМОН ГАРДИД
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дорис Хертрампф баъди боздид аз ноҳияҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон дар вохӯрӣ бо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов таассуроташро некбинона арзёбӣ намуд. Сафир бо боварии зиёд дар бораи ҳамкориҳои васеи минбаъдаи Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар самтҳои гуногуни кишоварзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон изҳори андеша кард. Имзои Барномаи кӯмаки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар ҳаҷми 36 млн. евро бо Тоҷикистон, ки барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна дода мешавад, бозгӯи он аст, ки сиёсати дар соҳаи кишоварзӣ пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ писанди мутахассисони соҳаи аграрии Ҷумҳурии Олмон гардидааст. Сафир Дорис Хертрампф изҳори қаноатмандӣ намудааст, ки минбаъд ҳам лоиҳаҳои мақсадноки Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






