СОКИНИ СУҒД БО РОҲИ ФИРЕБ 344 ҲАЗОР ДОЛЛАРРО АЗ ХУД КАРД

Ноябрь 27, 2008 15:18

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 25-уми ноябри соли 2008 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи айбдоркуниро бо айбдории Муҳаммадҷон Гадойбоев бо моддаи 347, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, парвандаи ҷиноятиро барои моҳиятан дида баромадан ба Суди Олии ҷумҳурӣ ирсол намуд.Аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд М. Гадойбоев ба шаҳри Душанбе омада, дар кӯчаи Айнӣ, бинои 13 «в» ташкилоти «Маркази такмили байналмилалӣ» ва дар кӯчаи Ленин, бинои 42-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филиали ташкилоти номбаршударо таъсис дода, ҳамчун директори генералии он ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ин корро ӯ ба воситаи шиносҳояш — шаҳрвандони ИМА бо номи Р. Кирева ва Е. Клинскалек анҷом додааст. Айбдоршуда аз моҳи декабри соли 2006 то 18-уми майи соли 2008 бо баҳонаи ба Донишгоҳи забономӯзии «Текио-Лорета»-и шаҳри Денвери штати Колорадои ИМА фиристодани шаҳрвандон, даст ба қаллобӣ- яъне ба тасарруфи амволи ғайр задааст. М. Гадойбоев дар ин давра аз 86 нафар шаҳрванд, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд маблағи 344 ҳазор доллари ИМА-ро бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ гирифта, аз худ намудааст.           

Ноябрь 27, 2008 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид