«СУЛҲ» БА 50 НАФАР 50-КИЛОГРАММӢ КАРТОШКАИ БЕПУЛ ДОД

Ноябрь 20, 2008 16:00

      Тоҷикобод. 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов). — Хоҷагии деҳқонии «Сулҳ»-и Тоҷикобод яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия ба шумор меравад. Хоҷагидорон соли ҷорӣ дар майдони 106 га ғалладона, 3 га — зироатҳои техникӣ, 10 га — картошка, 2 га — сабзавот кишт карда буданд.      16-уми ноябри соли равон коргарони хоҷагӣ ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзиро ба анҷом расонида, аз ҳар га ғаллазор 18-сентнерӣ (дар маҷмӯъ 193 тонна) ғалла, 234-сентнерӣ картошка ва 362-сентнерӣ сабзавот рӯёниданд,- гуфт зимни сӯҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Қурбоналӣ Талбонов.       Хоҷагӣ аз ҳосили гирифтааш ба 50 нафар аз хоҷагиҳои камзироат ва оилаҳои бепарастор 50-килограммӣ картошка кӯмак намудааст.

Ноябрь 20, 2008 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад