СУПОРИШИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ИҶРО НАШУД

Ноябрь 26, 2008 08:18

        Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи чорабиниҳои Вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии дастгоҳи марказии вазорат ва раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тайёрии ҳаматарафа дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2008 – 2009 вазифадор гардиданд.       Тибқи нақша, дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои зимистонгузаронии чорво бояд 637 ҳазору 924 тонна хӯроки дурушт ва 226 ҳазору 223 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ гардад.       То 16 – уми ноябр 609 ҳазору 567 тонна хӯроки дурушт ва 202 ҳазору 695 тонна хӯроки ширадор тайёр карда шудааст, ки ин нисбат ба дурнамо ба андозаи 60 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 24 ҳазор тонна хӯроки ширадор кам аст. Чунин нишондод аз иҷро нашудани супориши вазорат гувоҳӣ медиҳад.

Ноябрь 26, 2008 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд