ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ ОЛИМ ВА ЖУРНАЛИСТИ МАЪРУФ

Ноябрь 26, 2008 11:37

          Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дирӯз дар Донишгоҳи  славянии Тоҷикистону Россия ба шарафи 60- солагии  олим, омӯзгор ва журналисти маъруф Иброҳим Усмонов ҷамъомади  баргузор гардид. Соҳибҷашнро на танҳо омӯзгорони  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, балки  намояндагони мактабҳои дигари олии мамлакат табрик намуданд. Ба қавли  мудири кафедраи таърих ва назарияи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, профессор Абдусаттор Нуралиев, истеъдоди  касбии  И.Усмонов ҳамчун муҳаққиқ ва рӯзноманигори соҳибтаҷриба  ҳанӯз зимни  таълиф  ва ҳимояи рисолаи дипломӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зоҳир гардида буд. Бинобар ин  И.Усмонов бо тавсияи Комиссияи давлатии  имтиҳонотӣ ба   шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов фиристода шуд. И.Усмонов муҳаққиқи аввалини таърихи  журналистикаи тоҷик буда, дар ин соҳа бисёр асарҳои илмӣ таълиф кардааст. Олимону омӯзгорон, ҳамкорон ва шогирдони соҳибҷашн дар бораи  фаъолияти эҷодии  И.Усмонов сухан ронданд. Қайд карда шуд, ки вай дар баробари фаъолияти илмӣ, инчунин дар хидмати давлатӣ низ саҳми калон дорад.          И.Усмонов вакили Маҷлиси намояндагон, муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, узви Комиссияи созгории миллӣ шуда кор кардааст. Мавсуф имрӯзҳо дар тарбияи   журналистони ҷавон саҳми калон мегузорад. И.Усмонов муаллифи беш аз 20 асари илмӣ мебошад. Иброҳим Усмонов дар фарҷоми ҷамъомад ба ҳозирон миннатдорӣ изҳор намуда, барои беҳтар сохтани вазъи соҳаи журналистика дар мамлакат пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт.               

Ноябрь 26, 2008 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид