ТАРМА АЗ КӮҲ КАНДА МЕШАВАД, ВАЛЕ ДАР РОҲ НАМЕМОНАД

Ноябрь 11, 2008 09:42

           Бадахшон, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Роҳсозони Идораи роҳсозии вилояти Бадахшон барои хуб гузаронидани зимистони қаҳратун омодагӣ мебинанд. Кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои нақлиётию пиёдагард маҳкам нашавад. Ҳар як тармаи аз кӯҳ кандашударо сари вақт тоза менамоянд. Бо ин мақсад то имрӯз 11 ҳазор тонна солярка, 8 ҳазор тонна бензин, 55 тонна ангиштсанг захира карда шудааст. Ба хотири дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётии вилоят 105 адад техникаи гуногуни роҳсозӣ омодаи кор аст.        Тавре муовини аввали сардори Идораи роҳсозии вилоят Хушназар Абдураҳимов иброз дошт, дар ҳолати аз кӯҳҳо канда шудани тарма ва баста шудани роҳҳо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба шаҳру навоҳии Бадахшон бензину соляркаи иловагӣ интиқол медиҳад. Инчунин, рӯзҳои наздик аз ҷониби вазорат барои коргарон либосҳои гарм фиристонида мешавад

Ноябрь 11, 2008 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид