ТАШВИҚУ ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аввали моҳи декабр дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Мо ба муқобили маводи нашъадор мубориза мебарем !» маъракаи доманадор баргузор мегардад. Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Марина Ковтун ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар доираи маъракаи мазкур дар байни факултаҳои донишгоҳ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Донишҷӯён инчунин дар ин мавзӯъ маълумотномаҳо, рӯзномаҳои деворӣ ва варақаҳо тайёр мекунанд, ки тарзи ҳаёти солимро ташвиқу тарғиб намуда, дар бораи роҳу усулҳои пешгирии истеъмоли маводи нашъадор маълумоти зарурӣ медиҳанд. М. Ковтун афзуд, ки чунин маъракаҳо мувофиқи нақшаи корӣ ҳар сол гузаронида мешаванд. Дар гузаронидани онҳо одатан кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва донишҷӯёни факултаи журналистика саҳми калон мегузоранд. Омӯзгорони донишгоҳ ба донишҷӯён дар тайёр намудани маълумотномаҳо, рӯзномаҳои деворӣ, варақаҳо, гузаронидани сӯҳбату мулоқотҳо ва семинарҳо, конференсияҳо, консертҳо ва иҷрои барномаҳои маърифатӣ кӯмак мерасонанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






