ТАЪСИРИ КАМШАВИИ НАСЛГИРӢ БА НАРХ
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, то1 сентябри соли 2008 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 20278 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 хоҷагиҳои ноҳияҳои Шаҳринав 15,8 фоиз, Турсунзода -15,3 ва ноҳияи Ҳисор 4,6 фоиз кам гӯсола гирифтанд. Дар ин муддат дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 278642 сар барраю бузғола гирифта шудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наслгирӣ дар корхонаҳои кишовазӣ ва хоҷагиҳқонӣ (фермерӣ)-и вилояти Суғд 4,7 фоиз, ноҳияҳои Шаҳринав-25,8, Ҳисор -14,9, Турсунзода-10,2 ва ноҳияи Ваҳдат 5,5 фоиз кам барраю бузғола гирифтанд. Кам шудани наслгирӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ, ки асоси таъминкунандаи маҳсулоти чорво дар бозорҳои пойтахт мебошанд, ба боло рафтани нархҳо таъсири манфӣ гузошт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






