ТАВСИЯИ ОЛИМОН

Ноябрь 3, 2008 12:23

         Душанбе, 3 ноябр.(АМИТ  »Ховар», Лаззат Диловарзод).-Навъҳои  гандуми ихтироъ намудаи олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ баъди санҷиши давлатӣ барои кишт дар хоҷагиҳои зироатпарварии ҷумҳурӣ тавсия дода шудаанд. Аз ҷумла гандуми навъи «Наврӯз», ки дар Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ ихтироъ  карда шудааст. Давраи нашъунамои гандуми навъи «Наврӯз» 210-220 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳосили ин навъи гандум дар заминҳои обӣ аз як гектар 5-6 тоннаро ташкил медиҳад.                Гандуми навъи «Алекс», ки ин ҳам ихтирои олимони тоҷик аст, аз соли 2007 барои кишт тавсия шудааст. Давраи нашъунамояш ба навъи «Наврӯз» баробар мебошад, аммо ҳосили донаш 5-6 сентнер дар як гектар аз навъи «Наврӯз» зиёдтар аст.                Мӯҳлати кишти ин ду навъи гандум дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ҷануб аз даҳрӯзаи дуюми моҳи октябр то даҳрӯзаи дуюми ноябр буда, дар ноҳияҳои вилояти Суғд аз даҳрӯзаи дуюми сентябр то даҳрӯзаи дуюми моҳи октябр ба ҳисоб меравад,- иброз доштанд дар Пажӯҳишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ноябрь 3, 2008 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид