ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ «ЭКСПО – 2010» ИШТИРОК МЕКУНАД
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон О. Сангов дар маҷлиси сеюми намояндагони мамлакатҳои иштирокчии намоишгоҳи ҷаҳонии «ЭКСПО – 2010» ширкат варзид, ки дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад. Дар маҷлиси мазкур намояндагони 182 мамлакат ва бештар аз сад созмони байналхалқӣ иштирок намуданд. Дар маҷлис маҳали ҷобаҷогузории намоишгоҳи мамлакатҳо дар ду соҳили дарёи Хуанхе муайян карда шуд. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сектори А – и намоишгоҳ ҳамроҳи мамлакатҳои дигари Осиё дар шафати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон ҷой дода шуд. О. Сангов зимни сафар бо Комиссари генералии намоишгоҳи ҷаҳонии «ЭКСПО – 2010» Ху Ҷундуо мулоқот карда, масъалаҳои омодагӣ ва иштироки Тоҷикистонро дар намоишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






