ТОҶИКИСТОН МИЁНИ 134 КИШВАРИ ДУНЁ РАҚОБАТПАЗИР АСТ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -. Тибқи гузориши ҳамасолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) «Дар бораи рақобатпазирии сартосарии кишварҳо» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи афзоиши рақобатпазирӣ миёни 134 кишвари дунё мақоми 116-умро ишғол мекунад. Бояд гуфт, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 117-ум қарор дошт. Аз рӯи ин нишондод, Ҷумҳурии Қирғизистон дар мақоми 122, Қазоқистон — 66, Чин — 30 ва Покистон дар мақоми 101-ум ҷойгир шудаанд. Оид ба нишондиҳандаи афзоиши рақобатпазирии кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон маълумоте оварда нашудааст. Миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Россия дар мақоми 51-ум қарор дорад, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Қобили зикр аст, ки зимни таҳияи гузориши WEF коршиносон омилҳоеро аз қабили вазъ ва рушди зерсохтори иқтисодию макроиқтисодӣ, вазъи соҳаи тандурустиву маориф, ҷорисозии навгониҳо дар иқтисод ва самаранокии бозори молиявӣ мавриди таҳлил қарор медиҳанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






