ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ КОРХОНАИ КОМБАЙНБАРОРӢ МЕШАВАД

Ноябрь 14, 2008 11:58

                Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- дар Раёсати сиёсати техника ва инфраструктураи Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамкориҳои техникии соҳаи кишоварзӣ миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сол аз сол беҳтар мегардад.                Ҳангоми баргузории ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе намояндагони яке аз ширкатҳои бузургтарини эронӣ — ширкати «Агротех Хуросон» дар шаҳри Душанбе таъсис додани корхонаи комбайнсозиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.                То ин давра ҳамаи намуди техникаи кишоварзӣ аз Федератсияи Россия, Белорусия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешуд.                Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад доираи бозори ин давлатҳоро дар хариду фурӯши мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон танг карда, истеҳсоли муштараки техникаи кишоварзиро ба роҳ монад.

Ноябрь 14, 2008 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад