ТОҶИКПИСАР ДАР ИСТАМБУЛ ДОНИШҶӮИ №1 АСТ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Фаррух Воҳидов баъди хатми Литсейи муштараки иқтисодии тоҷикию туркии Тоҷикистон ба Истамбул рафт. Ӯ ба факултаи химияи Донишгоҳи ба номи Фотеҳи шаҳри Истамбул дохил шуда, бо ченаки аз ҳама баланди баҳо донишҷӯи №1 эътироф шуд. Фаррух Воҳидов мегӯяд, ки дар Истамбул таҳсил кардан чандон душвор нест. Муаллимон мерасанд, синфхонаҳо ба талабот ҷавобгӯянд. Таъминот бо китоб ҳам хуб ба роҳ монда шудааст. «Дар донишгоҳи мо таҳсил комилан пулакист. Музди солонаи таҳсил аз 7500 то 14000 доллари амрикоист, вале маблағи хониши маро худи донишгоҳ пардохт менамояд. Зеро ман дар супоридани имтиҳонҳо баҳои баландро сазовор гардидаам. Барои донишҷӯёни хориҷӣ ченаки муайяни баҳо вуҷуд дорад. Агар холи баландтар гиред, донишгоҳ кӯмаки 50 ё садфоиза мерасонад. Яъне, дар сурати баҳравар шудан аз кӯмаки садфоиза донишҷӯ аз супоридани маблағи таҳсил пурра озод мешавад. Алҳол ман ҳамин имтиёзро дорам»,- мегӯяд ӯ. Бояд зикр намуд, ки дар шумораи тозанашри ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мусоҳибаи хондание бо Фаррух Воҳидов ба табъ расидааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






