ТОҶИРИ АФҒОН БА ЯКЕ АЗ КОРХОНАҲОИ ҚӮРҒОНТЕППА САРМОЯ МЕГУЗОРАД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи палата дар Афғонистон Алиҷон Шоев ва тоҷири афғон аз шаҳри Кандаҳор Алҳоҷ Сайфулло мулоқот кард. Ҳадафи сафари тоҷири афғон ба Тоҷикистон шиносоӣ бо шароити фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳои мамлакат мебошад. Алҳоҷ Сайфулло зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки фаъолияти соҳибкории худро дар асосҳои қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли асбобҳои зарурии рӯзгор ба роҳ андохтан мехоҳад. Вай зикр намуд, ки бо фаъолияти корхонаи собунбарории Қӯрғонтеппа шинос шудааст ва мехоҳад барои беҳтар сохтани фаъолияти он сармоя гузорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






