В. МАТВИЕНКО БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Ноябрь 27, 2008 12:04

      Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ташкили Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду шаҳри бародар қадами устуворе хоҳад буд, гуфт зимни мулоқоташ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе бо губернатори шаҳри Санкт- Петербург Валентина Матвиенко.  Раиси шаҳри Душанбе аз пазироии самимии Валентина Матвиенко ва таъмини иштироки фаъолонаи намояндагони Санкт-Петербург дар Форуми сеюми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» арзи сипос намуд.           Мусоҳибон масоили вусъати ҳамкории минбаъдаи бародаршаҳриро дар  соҳаҳои хоҷагидорӣ-  обтаъминкунӣ, барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, коркарди партовҳо, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  ва ташкили муассисаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии Санкт-Петербург, инчунин ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи ин шаҳр дар  Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.            Ҳамзамон масъалаи дар соли 2009 дар доираи таҷили 10-солагии Аҳдномаи бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Санкт-Петербург баргузор намудани Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе дар маркази таваҷҷӯҳи М. Убайдуллоев ва В. Матвиенко қарор дошт. М. Убайдуллоев зикр кард, ки баргузории чорабинӣ бо иштироки губернатори ин шаҳр Валентина Матвиенко ба тақвияти муносибатҳои бародаршаҳрии Душанбе ва Санкт-Петербург нақши муассир мегузорад.           Валентина Матвиенко роҷеъ ба тақвияти робитаҳои бародаршаҳрии Душанбею Санкт-Петербург ибрози назар карда, гуфт, ки омодааст, дар ин чорабинии муҳим ҳайати Санкт-Петербургро шахсан роҳбаладӣ кунад. Мусоҳибон ҷиҳати тақвияти самтҳои афзалиятноки  Аҳдномаи бародаршаҳрии соли 1999 иброз доштанд, ки санад барои мутобиқ гардиданаш ба рушди ҷомеаи муосир таҷдид карда шавад. Бо ин мақсад аз ҳар ду ҷониб гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд. Санади таҷдидшаванда зимни баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе аз тарафи шаҳрдорон ба имзо хоҳад расид.  

Ноябрь 27, 2008 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид