ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ МОДДАИ ЗАРАРОВАРИ «МЕЛАНИН»-РО НАЗОРАТ МЕКУНАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Мутобиқи ахбори Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар Ҷумҳурии мардумии Чин ҳодисаи заҳролудшавии кӯдакон аз ҳисоби шир, маҳсулоти ширӣ ва қаннодии ширдор, ки дар таркибашон моддаи зараровари «меланин» илова карда шудааст, ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ чор кӯдак фавтидаанд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои саривақт пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳти №2, аз 7-уми октябри соли 2008 Қарор «Дар бораи манъ намудани маҳсулоти хӯроквории Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар истеҳсолоти он шири чинӣ истифода бурда мешавад» бароварда шудааст. Барои пурзӯр намудани назорат дар ин самт ва иҷрои Қарор, он ба ҳамаи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояту шаҳру ноҳияҳо равона карда шуд. Инчунин, мактуби расмӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии давлатии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Хадамоти назорати давлатии фаъолияти дорусозии назди Вазорати тандурустӣ нисбати манъ намудани воридоти маҳсулоти шири истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин фиристода шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






