ЗАМИНИ ЗИЁД, ГАНДУМКӮБӢ ВА ҲОСИЛИ КАМ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Сайидмурод Баҳриддинов, то 3 – юми ноябр масоҳати 200 ҳазору 158 га ғаллазори ҷумҳурӣ даравида шуд, ки ин 90,8 фоизи замини кишти ғалладонаро ташкил медиҳад. Боиси зикр аст, ки соли 2008 дар масоҳати 220 ҳазору 389 гектар замин кишти гандум гузаронида шудааст. Тибқи маълумоте,ки то 3- юми ноябр расидааст, гандуми 195 ҳазору 119 га замини киштшуда кӯфта гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 63 га зиёд аст. Соли ҷорӣ ҳосилнокии гандум аз 1 га ба 18,7 — сентнерӣ расонида шудааст, ки ин чандон ба мақсад мувофиқ нест. То 3 юми ноябр ҳосили ба даст омадаи гандум ба 365 ҳазору 120 тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳазору 631 тонна зиёд аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






