ЖУРНАЛИСТОНИ ОЯНДА, БА ПЕШ, БА СӮИ ҚУЛЛАҲОИ ФАТҲНАШУДА!
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни бахши журналистикаи ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи Воҳид Асрорӣ озмун эълон карданд. Дар озмун хоҳишмандон метавонанд маводи дар доираи тамоми жанрҳои журналистӣ чопкарда ё тариқи радио ва телевизион пахшнамудаашонро аз 1-уми феврали соли 2008 то 1-уми феврали соли 2009 пешниҳод кунанд. Аз рӯи жанри пешниҳодшуда, ҳар як муаллиф бояд дар озмун на камтар аз 10 хабар, 5 маводи таҳлилӣ ва на камтар аз 3 адад жанрҳои публитсистӣ супорад. Ғолибони озмун 11-уми Марти соли 2009 дар Рӯзи матбуоти тоҷик эълон карда хоҳанд шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ҷоизаи профессор Воҳид Асрорӣ соли 2007 бо ибтикори факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ ва ИЖТ ба муносибати 90-солагии ӯ таъсис дода шуда буд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






