11 + ВА 425 КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ ҶАШНҲОРО ТАНЗИМ МЕКУНАНД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Масъалаи ба низом даровардани ҷашну маъракаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии мардуми ноҳия равона карда шудааст, — гуфт раиси Комиссияи ҷашну маъракаҳои шаҳри Ваҳдат Рустам Ҷӯрабеков ба мухбири АМИТ «Ховар». Баҳри иҷрои ин вазифа ва дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни мазкур дар назди 10 ҷамоати деҳот ва Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр 11 комиссияи доимӣ ва 425 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Дар давоми даҳ моҳи сипаришуда барои беҳтар гардидани фаъолияти комиссияҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Б.Бурунов, Ромит, А.Абдулвосиев, Р. Исмоилов, Гулистон, Дӯстӣ, Чорсӯ ва Симиганҷ бо иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони Шӯрои занон ва фаъолон семинар-машварат гузаронида шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






