ҒАМХОРӢ БА МАЪЮБОН
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналхалқии маъюбон таҷлил карда мешавад. Ҳалли масъалаҳои расонидани кӯмак ва хизматҳои гуногун ба маъюбон дар Тоҷикистон ба зиммаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузошта шудааст. Ба қавли муовини аввали директори агентии мазкур Анвар Бобоев, Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналхалқӣ ба маъюбон кӯмакҳои гуногун расонида, ба онҳо маводи хӯрока, либосу пойафзол ва асбобҳои рӯзгор тӯҳфа мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои нӯҳ моҳи гузаштаи соли равон аз ҳисоби буҷети давлат барои таъминоти парваришгоҳҳо ва хона- интернатҳои маъюбон бештар аз 6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Яке аз зуҳуроти ғамхорӣ ба бачагони маъюб ба истифода додани бинои дуюми Хона — интернати Чорбоғ мебошад, ки се сол пеш дар натиҷаи сӯхтор зарари калон дида буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз барои тарбиягирандагони хона — интернати мазкур зиёфати идона ороста, консерти калон намоиш дода мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






