ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК МАЪЛУМ НЕСТ

Декабрь 22, 2008 14:59

                    Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» беш аз 1 солу 7 моҳ гузашт. Бино ба маълумоти коиссияҳои дар шаҳру ноҳияҳо ташкилёфта, қонунигардонии молу мулк ҳанӯз ба охир нарасидааст, ки сабабашро дар надоштани иттилоти кофии шаҳрвандон медонанд.                   Ҳоло аз 447 аризаи ба ҳукуматҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ворид гардида танҳо ба 190 нафар шаҳодатномаи тасдиқкунандаи амвол дода шудааст.                   Агар дар шаҳри Душанбе амалӣ шудани қонун ба ин дараҷа сурат гирифта бошад, пас аз ноҳияҳои дурдасти дигар вилоятҳо чӣ ҷойи гила аст.                  Мақсад аз қабули ин қонун паст кардани сатҳи «иқтисоди пасипардагӣ» ва ба гардиши иқтисодӣ ворид кардани амволи пинҳонкардашуда мебошад.

Декабрь 22, 2008 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад