ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 6324,6 МИЛЛИОН СОМОНИСТ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи масъули бахши кишоварзии Кумитаи давлатии омор М.А. Абдуллоев, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳи январ-ноябри соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагии кишоварзӣ 6324,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд аст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар соҳаи растанипарварӣ 4874,7 млн. сомонӣ (4,7 фоиз), дар соҳаи чорводорӣ — 1449,7 млн. сомонӣ (8,6 фоиз) афзудааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон 3135,1 млн. сомонӣ, вилояти Суғд — 1638,4 млн. сомонӣ, ВМКБ — 205,8 млн. сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1345,3 млн. сомониро ташкил дод.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






