ҲАФТАНОМАИ НАВ
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Шумораи нахустини таҷрибавии ҳафтаномаи «Журналист» аз чоп баромад, ки муассисони он Созмони ғайриҳукуматии «Журналист» ва шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошанд. Раиси Созмони ғайриҳукуматии «Журналист» ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷомеа» Қироншоҳ Шарифзода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки донишҷӯён дар нашри шумораи нахустини ҳафтанома саҳми калон гузоштанд. Дар ин шумора ҳамаи жанрҳои иттилоотӣ истифода карда шудаанд. Ҳафтанома дар доираи барномаи «Такмили маҳорати касбии журналистони ҷавон» бо кӯмаки молиявии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон чоп карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






