ҲАМКОРИИ ТУРБОАТОМ БО ЭНЕРГЕТИКҲОИ ТОҶИК

Декабрь 31, 2008 10:15

           Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси иттилои  Вазорати энергетика ва саноат аз 4,07 миллион киловат/соат нерӯи барқи умумии Тоҷикистон 3, 59 миллионаш бо гидротурбинаҳои корхонаи Турбоатоми Украина истеҳсол мешавад, ки 88,2 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил медиҳад.         Айни ҳол,  дар ҳамкорӣ бо ин корҳонаи бузурги Украина таҷдиди таҷҳизоти вазнини нерӯгоҳи барқи обии «Норак» идома дорад, ки он иқтидори истеҳсоли барқро 10 дар сад афзоиш медиҳад. Наздик ба 90 фоизи тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон истеҳсоли корхонаи Турбоатоми Украина мебошанд. Дар тӯли беш аз 40 соли ҳамкорӣ аз ин корхона ба Тоҷикистон 22 гидротурбина, 55 гидрозатвор ва дигар таҷҳизоти пурқиммат фиристода шудааст. 

Декабрь 31, 2008 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!