ҲИНДУСТОН БА СОХТМОНИ НБО-и ҶТ МАРОҚ ЗОҲИР МЕКУНАД
Душанбе, 6 октябр. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода аз сафари Ҳиндустон баргашт. Намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Деҳлӣ дар маҷлиси панҷуми комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва техникӣ ширкат варзид. Дар он масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон, вазъи имрӯзаи хариду фурӯши мол ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетикаю саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму фарҳанг муҳокима шуданд. Намояндагони Тоҷикистон ширкатҳои Ҳиндустонро даъват карданд, ки дар сохтмони Марказҳои барқу гармидиҳӣ бо истифодаи ангишт ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ ширкат варзанд. Соҳибкорону тоҷирони ҳинд ба иштирок дар сохтмон ва тармими нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






