ҲОСИЛНОКИИ САБЗАВОТ ЗИЁД ШУДУ ҶАМЪОВАРӢ КАМ
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 12847 га кишти сабзавот гузаронида шудааст. То 15-уми декабри соли ҷорӣ аз майдони 11 ҳазору 800 гектар маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 616 гектар камтар аст. Нақшаи солонаи истеҳсоли сабзавот дар ҷумҳурӣ 328 ҳазору 620 тоннаро ташкл медиҳад. То 15-уми декабри соли 2008 211 ҳазору 477,3 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 64 фоизи нақша баробар мебошад.Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ ҳосилнокии сабзавот аз ҳар гектар нисбат ба соли 2007 5-сентнерӣ зиёд карда шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






