ҲУКУМАТҲОИ МАҲАЛЛӢ БАРОИ ОБИ ОШОМИДАНӢ МАБЛАҒ НАМЕДИҲАНД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ Барномаи «Оид ба беҳдошти обтаъминкунӣ барои солҳои 2007- 2020»-ро қабул намудааст. Барои амалӣ гардидани барнома, корхонаҳои обрасонии кишвар аз буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Тибқи иттилои директори Корхонаи давлатии байниноҳиявии шаҳри Қӯрғонтеппа Абдумаҷид Шарипов, ҳукуматҳои маҳаллии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Вахшу Бохтар барои амалӣ шудани барнома дар соли 2008 маблағи заруриро ҷудо накардаанд. Чунин ҳолат дар як қатор ноҳияҳои дигари вилоят низ ҷой дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар соли ҷорӣ барои амалӣ шудани барнома 550 ҳазор доллар аз тарафи Бонки Ҷаҳонии Рушд ва 350 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардид. Аммо аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои зикрёфтаи вилояти Хатлон барои амалӣ шудани барномаи беҳдошти обтаъминкунӣ маблағ ҷудо нагардид, ки ин ҳолат иҷрои барномаро дар мӯҳлати муайянгардида ба таъхир меандозад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






