ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАР 81 СОЛА ШУД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 23 декабр ба таъсиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷмикистон 81 сол пур шуд. Ҷамъияти мазкур айни ҳол бештар аз 6 ҳазор аъзо ва зиёда аз 10 ҳазор ёрдамчиёни ихтиёрӣ дорад. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ягона ташкилотест, ки дар саросари мамлакат 69 филиал ва қариб 1000 ташкилоти ибтидоӣ дорад. Ҳамаи онҳо ба мӯҳтоҷон кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд. Саркотиби ҷамъият Зафар Муҳаббатов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷамъияти мазкур ҳамчун ҷузъи таркибии Ҷунбиши байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар давоми фаъолияташ ба мӯҳтоҷон кӯмаки зарурӣ расондааст. Кормандони ҷамъият аҳолиро бо оби тоза таъмин намуда, ба беморон кӯмаки таъҷилии тиббӣ расонда, мушкилоти одамонро дар мавриди рух додани фалокатҳои гуногун осонтар сохта, барои пешгирии бемориҳои хавфнок тадбирҳо андешида, беморонро бо дору таъмин карда, ба одамони солхӯрда ва бекас кӯмаки зарурӣ мерасонанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






