ҶАМЪОМАДИ БОТАНТАНАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ

Декабрь 6, 2008 11:32

                     Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Дубинина).- Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Созмони ҳамкории фарҳангии Русия бо мамлакатҳои хориҷӣ ва иттиҳоди миллии занони руси сокини Тоҷикистон ҳамроҳи Шӯрои ветеранҳои ҷанги шаҳри Душанбе имрӯз бахшида ба Рӯзи шарафи ҷангӣ ва 67- солагии оғози ҳуҷуми ҷавобии қисмҳои ҳарбии Артиши шӯравӣ ба муқобили лашкари немис дар наздикии Маскав ҷамъомади ботантана оростанд. Иштирокчиёни ҷангро намояндагони сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, шӯрои ветеранҳо, намояндагони Пойгоҳи низомии 201- уми Русия ва Шӯрои ҳамдиёрони хориҷии ин мамлакат табрик намуданд.                     Иштирокчиёни ҷамъомад ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуданд. Аъзои дастаи ҳунарии Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои ҳозирон сурудҳои ҳарбии замони ҷангро иҷро намуданд.  

Декабрь 6, 2008 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад