ҶАРРОҲӢ ДАР ДОМАНАИ КӮҲҲОИ ЯХПӮШ

Декабрь 19, 2008 15:00

                    Ҷарроҳи машҳур Борис Лукич Жуков дар Тоҷикистон аз худ хотираи нек боқӣ гузоштааст. Имрӯз ҳам дар мамлакати мо одамоне хеле зиёданд, ки аз дастони ин табиби ҳозиқ шифо ёфтаанд. Ман аввалин бор бо Б.Жуков дар Шифохонаи 3 — юми шаҳр шинос гардидам. Ҳанӯз фаромӯш накардаам, ки писарчаи 5 солаам дар ҳавлӣ бозӣ мекард ва нохост ба пои ӯ мех халид. Ҳамсояҳо маслиҳадт доданд, ки хуни писарча аз мехи зангзада заҳролуд гардида метавонад ва ҳар чӣ зудтар ӯро ба назди духтур барам. Табиби пуртаҷриба Борис Жуков писарчаи маро чунон табобат кард, ки ӯ баъди як ҳафта боз дар ҳавлӣ ҳамроҳи ҳамсолонаш даву тоз карда мегашт. Мо бо Б.Лукич соли 1924 таваллуд шудаем ва синну соли мо баробар мебошад, бинобар ин ҳамдигарро хеле зуд мефаҳмидем.                    Бори дигар барои табобати худ ба Б.Жуков муроҷиат кардам. Одатан ман ҳар субҳ аз хоб хеста ба варзиши бадан машғул мешавам. Рӯзе аз рӯзҳо ҳангоми машқи шину хез пои худро қатъ кардаму онро дигар рост карда натавонистам. Зонуи чапам сахт дард мекард. Аккосии рентген нишон дод, ки дар байни буғумҳои зону пораи калони намак ҷамъ шудааст.                   Б.Жуков маро қабул карда, арзи маро шунид, акси рентгенро бодиққат аз назар гузаронд ва пои маро ламс карда гуфт: «Ба Шумо доруи гидрокортизон укол кардан лозим аст».                   Вале ман ба ин тавсияи духтур розӣ нашуда, гуфтам, ки ҳар рӯз бо асобағал азоб кашида, ба назди духтур омаданам душвор аст.                    -Ин тавр бошад, — гуфт ӯ. — Дар давоми 15 рӯз ба зонуи худ аз талхаи гов марҳам мемонед. Ҷои дардро пеш аз гузоштани марҳам бо оби гарму собун тоза мешӯед, баъди шустан онро хушк карда, ҳамин даворо такрор мекунед. Давомашро баъд маслиҳат мекунем. Кӯшиш кунед, ки дар ҷои дард ҷароҳат пайдо нашавад.                    Жуков баъди тақрибан 15 рӯз зонуи маро аз назар гузаронида гуфт, ки давои фармудааш шифо бахшидааст. Зеро ман акнун бе асо роҳ гашта метавонистам. Баъд бо супориши ӯ ба зонуи ман 10 рӯз чароғи ултрасадо гузоштанд. Аз ҳамон вақт то имрӯз пои ман ягон маротиба дард накардааст.                   Ман бо Б. Жуков асосан дар Шифохонаи сеюми клиникии ҷумҳурӣ мулоқот мекардам. Духтури соҳибтаҷрибаи шикастабанд Ҷаъфар Сафаров, ки шогирди Жуков мебошад, тобистони соли 2008 ба ман дар бораи бемории модарзоди баромадани буғуми коси бачагон маълумот дода, гуфт, ки вай баъзан дар як рӯз барои даровардани буғуми мазкур ба ҷояш ду ҷарроҳӣ мегузаронад. Имрӯз даҳҳо ҳазор бачагони ба ин беморӣ гирифторшуда барои табобат дар навбат истодаанд. Ман дар ин бора барои он сухан меронам, ки Жуков низ аз афзудани теъдоди чунин беморон изҳори ташвиш карда буд.                   Вай боре ба ман хилъати сафед дода, гуфт, ки ҳамроҳаш ба назди беморон равам. Мо бо даҳлези дароз аз назди дарҳои кушодаи ҳуҷраҳои беморхона мегузаштем.                  Жуков дар назди яке аз дарҳо таваққуф карда, пурсид, ки дар ин ҷо кӣ сигарет мекашад. Бемори беинтизомро ба ӯ нишон доданд, ки бо пои баста дар рӯи кат мехобид. Бо супориши Жуков кати ӯро ба даҳлез бароварданд. Ин ҳамон вақт як навъ ҷазо ба шумор мерафт.                  Б.Жуков дар ҳуҷраи калони барҳаво бачагонеро ба ман нишон дод, ки ба бемории модарзоди баромадани буғуми кос гирифтор шуда буданд. Табиб онҳоро бо роҳи овезон кардани сангҳои вазнин ба пои беморашон табобат мекард. Мухбири агентӣ акси маро ҳамроҳи Жуков дар назди яке аз чунин беморон гирифта буд.                Ман аз Борис Лукич хоҳиш кардам, ки ягон воқеаи ҷолиби диққати фаъолияти меҳнатиашро нақл кунад. Вай гуфт, ки боре зарурати иваз кардани буғуми пои чапи як зани бемор ба миён омад. Устухони буғумро баъди ҷустуҷӯи зиёд аз Ленинград оварданд. Жуков пои зани беморро ҷарроҳӣ карда, як қисми устухони буғуми пои ӯро иваз кард. Устухони бегона ба устухони пои зан дар муддати кӯтоҳ часпид ва бемор ба по хест. Ба туфайли заҳмати духтур ӯ аз маъюбӣ наҷот ёфт.                  Борис Жуков асбоби ихтироънамудаи шикастабандии доктор Елизаровро дар шароити Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ва самарабахш истифода бурд. Ман дар ин бора ба воситаи расонаҳои гурӯҳӣ ва ТАСС хабар додам.                   Дар девори утоқи кории дотсенти Донишкадаи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, сардухтури шикастабанд Б.Л.Жуков лавҳае насб карда шуда буд, ки дар он чандин килограм фулузоти гуногун часпонда шуда буданд. Онҳо тирҳои гуногун ва шикастапораҳои фулузоте буданд, ки духтур ҳангоми ҷарроҳӣ аз ҷисми сарҳадбонон, кормандони ВКД ва Вазорати амнияти миллӣ ва одамони дигар хориҷ кардааст.                   Жуков яке аз онҳоро ба ман нишон дода гуфт, ки ин тири тарканда мебошад. Вай ба ҷисми одам ворид гашта, бо хати морпеч ҳаракат мекунад, дар дохили организми инсон метаркад ва ҳатман одамро ба ҳалокат мерасонад.                   Жуков даҳҳо маротиба бо чархбол ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ парвоз карда, ба беморон кӯмаки зарурии тиббӣ расондааст. Воқеае, ки ӯ ба ман нақл кард, дар кӯҳистони баланди Помир рух дода буд. Қаҳрамонони асосии ин воқеа ҷарроҳи шикастабанд, кӯҳнавардон ва сарнишини чархбол мебошанд.                  Воқеа зимни фатҳи яке аз қуллаҳои 6000 — метраи Тоҷикистон — қуллаи «Патриот» рух дода буд. Гурӯҳи кӯҳнавардон торафт ба ин қулла наздик мешуд. То нуқтаи баландтарини қулла масофаи хеле кам монда буд, ки аз боло ба сари кӯҳнавардон сангу тармаи зиёд фурӯ рехт. Як пора санги аз кӯҳ ҷудошуда ба пои кӯҳнавард Виталий Фёдоров зада, онро аз чанд ҷояш шикаст. Рафиқонаш баъди анҷом ёфтани сангрез Виталийро ба куллаи кӯҳ бароварда дар хайма хобонданд. Онҳо шими пахтагини маҷрӯҳро бо қайчӣ бурида, ба ҷойи ҷароҳат дору пошида, бо дока, пахта ва матои сафед бастанд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон баъди як шабонарӯз ба қуллаи кӯҳ баромад.       Кӯҳнавардон Виталийро ба чанаи махсус бор карда, ӯро дар давоми панҷ шабонарӯз аз баландии 6300 метр ба поён ба истиқоматгоҳи муваққатии кӯҳнавардон фароварданд.                  Борис Лукич Жуков ду рӯз пеш бо чархбол ба истиқоматгоҳи кӯҳнавардон омад. Сарнишини чархбол Юрий Сачко онро дар ҳамворие фуруд овард, ки тақрибан ба майдони волейболбозӣ баробар буд.                   Баробари ба истиқоматгоҳи кӯҳнавардон овардани маҷрӯҳ амалиёти ҷарроҳӣ шурӯъ шуд. Кӯҳнавардон дар болои санги ҳамвор «мизи ҷарроҳӣ» сохтанд. Духтур пои маҷрӯҳи Виталийро кушода, ба ҳайрат афтод. Пойи чапи ӯ аз чанд ҷояш шикаста. устухонҳо аз гӯшти он баромада буданд. Ҷарроҳии пойи маҷрӯҳ бештар аз се соат давом кард. Б. Жуков умед дошт, ки пойи маҷрӯҳро набурида, онро табобат кунад. Баъди ин қарор дода шуд, ки маҷрӯҳро фавран ба Душанбе баранд. Вале кӯҳҳои атрофро абри ғализ печонда буд ва гумон буд, ки чархбол дар чунин вазъи ҳаво парвоз карда тавонад. Вале сарнишини чархбол Юрий Сачко бо духтур маслиҳат карда, қатъан қарор дод, ки парвоз кунад. Ӯ барои эҳтиёт ба Душанбе телефон карда, иҷозати парвоз гирифт.                 … Духтурон Виталий Фёдоровро дар Шифохонаи шаҳрии клиники рақами 3 — юми шаҳри Душанбе ду моҳ табобат карданд. Онҳо аз тамоми роҳу усулҳо истифода бурданд, ки маҷрӯҳ аз пояш маҳрум нашавад. Табобати пойи бемор вобаста ба илтиҳоби шуши ӯ душвортар гардида буд. Вале духтурон дар натиҷаи кӯшишҳои зиёд беморро наҷот доданд. Баъди ду моҳ Виталий бо асобағал роҳ мегаштагӣ шуд.                Ӯ баъди як сол аз Маскав ба Жуков мактуб навишта хабар дод, ки ба кор баромадааст ва бе асо ба кор меравад. Вақтҳои охир, велосипедсавор сайру гашт мекунад. Виталий Фёдоров баъди 11 сол, яъне соли 1979 ҳамроҳи кӯҳнавардон ба қуллаи Ҷонгмолунгма баромад.                Одамоне, ки ин ҷо дар бораи онҳо нақл карда шуд, ягон қаҳрамонӣ нишон надодаанд. Онҳо танҳо вазифаи худро иҷро карданду халос. Онҳоро ба ин ҳисси инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ водор менамуд.                Солҳои ҷанги дохилӣ бисёр мутахассисон қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд. Борис Лукич Жуков низ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчид. Аз рӯи шунидам, ӯ ҳоло дар шаҳри Липецк кору зиндагӣ мекунад. Ман бо ӯ дигар вонахӯрдам. Аз он замон танҳо хотираҳо боқӣ мондаанду халос.                                                                                                                                                      Тарҷумон — Қудратов А.

Декабрь 19, 2008 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид