ҶАШНИ 100 – СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Декабрь 24, 2008 14:46

           24 декабри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт бахшида ба 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гашт. Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои Ҳукумат ва Парлумони кишвар, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идора ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони шинохтаи аҳли илму фарҳанг аз  дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуданд.          Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор ва мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни якасраи Қаҳрамони Тоҷикистон — академик Бобоҷон Ғафуров табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ин ходими давлатӣ ва арбоби илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таърихиву дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон ҳамчунин тарғиби илму фарҳанги Машриқзаминро дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расондааст. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «Академик Бобоҷон Ғафуров бо овардани садҳо далелу бурҳони қотеъ ва дар асоси ҳазорҳо сарчашмаву манбаъҳои асил собит намудааст, ки миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ба таҳрифи огоҳонаи таърих ё ба ибораи дигар, таърихсозӣ ва бузургтарошӣ умуман ниёз надорад, зеро ин миллат соҳиби таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу адабиёти пурғановат мебошад» ва афзуд, ки ҳатто бо шинохту ошноии мухтасар нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ эҳсос кардан мумкин аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро шиносномаи миллати тоҷик номида, таъкид дошт:, — «Ин асар шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид». Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз назариёти дурандешонаю оқилона ва таҳқиқоти илмию адабӣ, таърихӣ ва сиёсию иҷтимоии сершумори Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро ба шинохти решаҳои амиқи таърихи худ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ба нангу номус, зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ ва дар маҷмӯъ ба иродаи мустаҳкаму иттиҳоди қавӣ ҳидоят намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки  дар арафаи ҷашни якасраи Бобоҷон Ғафуров шоҳасари ӯ — «Тоҷикон» аз нав ба чоп расид. Илова бар ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд,  ки то рӯзи ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне моҳи сентябри 2011 матни тоҷикии ин китоб ва тарҷумаи онро ба забони англисӣ аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат бо теъдоди 50 ҳазор нусха таъмин намоянд.Академияи илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки нашри осори мунтахаби Бобоҷон Ғафуровро  дар давоми солҳои 2009 — 2010 ба анҷом расонад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳамчунин баҳри дастраси мардум ва ҳар як хонандаи огоҳ намудани ин китобҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.Ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки пахши барномаҳои ҷолиб  дар бораи осори гаронарзиши Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин қироати «Тоҷикон» — у дигар китобҳои ӯ тариқи телевизион ва радио ба роҳ монда шавад, то ки доираи васеи мардум аз онҳо баҳравар гарданд.Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин Директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия академик Ростислав Рибаков ва намояндагони воломақоми доираҳои илмию сиёсии Қазоқистону Ҳиндустон ва дигар шахсиятҳои намоён суханронӣ намуда, аз нақши пурарзиши Бобоҷон Ғафуров дар илми ховаршиносии минтақавию ҷаҳонӣ, омӯзиши амиқи таърихи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва ташхиси мақому мартабаи тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқ дар тамаддуни башарӣ ёдовар шуданд.Ба андешаи Ростислав Рибаков, Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи одамиёнест, ки аз оянда зуҳур карда, имрӯзиёнро ба фардои накӯ ҳидоят месозанд. Хотиррасон бояд кард, ки дар чаҳорчӯби ҷашни 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ба конфронси байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — муаррихи барҷастаи Осиёи Марказӣ», ки дар Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад, садҳо олимону ходимони шинохтаи илму фарҳанг аз кишварҳои гуногуни олам даъват шудаанд.           Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 24, 2008 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид