ҶАШНВОРАИ 21-УМИ ФИЛМҲОИ АВРУПОӢ ИМСОЛ ДАР ДАНИЯ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 6-уми декабр дар Дания даври 21-уми ҷашнвораи синамои Аврупо натиҷагирӣ мешавад. Тибқи муқаррароти ин ҷашнвора, ҳар соли дуюм озмун дар шаҳри Берлин баргузор шуда, дар солҳои дигар дар марказҳои фарҳангии дигари аврупоӣ, чун Париж ва Лондон мегузарад. Имсол маросими ҷоизасупорӣ дар Копенҳаген — пойтахти Дания баргузор мешавад. Қобили қайд аст, ки одатан ин ҷашнвораро чун «Оскар»-и аврупоӣ ном мегиранд ва аз ҳамин хотир, ширкат дар Ҷашнвораи филми аврупоӣ барои аксар филмсозон оғози хубе ҷиҳати дарёфти эътибори байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ҷоизаи филми аврупоӣ дар 15 бахш тақдим мешавад. Имсол дар озмун 350 филм аризаи ширкат дода, 44 филми беҳтарин ба бахши хотимавии озмун роҳ ёфт. Қарор аст аъзои Фарҳангистони филми аврупоӣ иборат аз 1800 филмсоз барои филми беҳтарин раъй дода, ғолибонро муайян намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки ҷашнвораи мазкур аз соли 1989 бо ташаббуси Фарҳангистони синамои Аврупо баргузор мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






