ҶАВОНОНИ АФҒОНИСТОН ДАР «БОҒИ РӮДАКӢ»-И ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ бо даъвати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар ҷавони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини вазири иттилоот ва фарҳангӣ ҶИА Зоҳир Ғафс ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Дар доираи сафари худ меҳмонҳо бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов вохӯрда, доир ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони кишвар маълумот пайдо намуданд. Баъдан меҳмонон бо сохтори Кумита ошно шуданд. Инчунин, меҳмонон дар бахши фарҳангии сафарашон аз «Боғи Рӯдакӣ» дидан карда, ба кору фаъолияти Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон шинос шуданд. Бояд қайд намуд, ки сафари ҷавонони афғон ба Тоҷикистон заминаи хубест баҳри густариши равобити Тоҷикистону Афғонистон.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






