ҶИНОЯТКОРӢ КАМ МЕГАРДАД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти дафтари матбуоти прокуратураи генералӣ, дар давоми 11 моҳи соли 2008 10 ҳазору 500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 517 адад камтар аст. Соли ҷорӣ пастравии ҷиноятҳо қариб ба ҳамаи категорияи ҷиноятҳо тааллуқ дорад. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳамаи сохторҳои прокурорӣ фаъолияти кормандон беҳтар гардидааст. Масалан, содиршавии ҷиноятҳои вазнин ба 1,3 фоиз, ҷинояти одакушии барқасдона ба -15,1, сӯиқасд ба одамкушӣ ба 41,7 фоиз, роҳзанӣ ба 30,2 адад, ғоратгарӣ -10,5 фоиз кам гардидааст. Мутаассифона ҷиноятҳо аз қабили қаллобӣ рӯз аз рӯз рӯ ба афзоиш аст. Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 120 ҷинояти қаллобӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






